Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ҳанӯз истифоданашудаи гидроэнергетикӣ мебошад, ки айни замон танҳо панҷ фоизи онҳо ба кор бурда мешавад»
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маросими расмии оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 зимни суханронӣ энергетикаро зербинои асосии рушди устувори иқтисод арзёбӣ намуд.
Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ҳанӯз истифоданашудаи гидроэнергетикӣ- манбаи барқароршавандаи тавлиди неруи барқ мебошад. Иқтидорҳои истеҳсолии ин захираҳо беш аз 527 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд ва дар айни замон танҳо панҷ фоизи онҳо ба кор бурда мешавад.
«Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки кулли минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем.
Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — дастёбӣ ба истиқлолияти энергетикии кишвар — мо масъалаи рушди устувори соҳаи энергетикаро мавриди пайгирии пайваста қарор додаем.
Дар ин замина, тайи солҳои охир аз ҷониби мо, бо назардошти риояи тавозуни манфиатҳои милливу минтақавӣ як қатор лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ таҳия шудаанд, ки ба зиёд кардани ҳаҷми тавлиди неруи барқ ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он нигаронида шудаанд»,- иброз намуд Пешвои миллат.













Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






