Пешвои миллат: «Заминаҳои мусоид барои дастгирии ҷавонон маҳз дар даврони истиқлолият гузошта шуданд»
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Заминаҳои мусоид барои дастгирии ҷавонон маҳз дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузошта шуданд, — таъкид намуд Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, ки субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр кард, ки «Дар ин давра «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки ҳамаи онҳо, дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи ҷавононро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд».
Махсусан қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад.
Хотиррасон мешавем, ки Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобистони соли гузашта таъсис ёфта, ҳадаф аз он дастгирӣ намудани сиёсати ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил барои онҳо мебошад.








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд






