Рӯзҳои наздик гармшавии ҳаво дар назар аст

Май 20, 2016 11:56

Душанбе, 20.05.16. /АМИТ «Ховар»/.   Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон,  21-22 май ҳаво  дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тағийр ёфта,  рӯ ба гармшавӣ меорад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд,  дар ин рӯзҳо дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон гармшавии ҳаво ба 43 дараҷа хоҳад расид.
«Аммо чунин гармӣ  кӯтоҳмуддат буда, аллакай 23 май ҳаво нисбатан салқин шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст»,- афзуд манбаъ.
Пагоҳ, 21 май дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бе бориш  дар назар аст. Ҳарорат  шабона +11+13, рӯзона 34-36 дараҷа мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи бе бориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорат  шабона +10+15 дараҷа, рӯзона то  37 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда буда,  бориш намешавад. Ҳарорат шабона +15+20, рӯзона +35+37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон -ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар нест. Ҳарорат дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +25+27; дар шарқ шабона +2+7, рӯзона +10+14 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борон намеборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Май 20, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд