Роҳбари ҳайати мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн ба Душанбе омад

Май 20, 2016 17:37

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Комиссия Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн, ки роҳбарии ҳайати мушоҳидони байналмилалиро аз Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба уҳда дорад, баргузор гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар мулокот оид  ба ҷараёни омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, сухан гуфта, изҳори бовар намуд, ки раъйпурсии умумихалқӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки васеъи шаҳрвандон баргузор мегардад.
Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн иброз дошт, ки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз намуда, натиҷаҳои мушоҳидаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқиро  23 майи соли равон пешниҳод менамояд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни раванди омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Май 20, 2016 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд