Роҳбари ҳайати мушоҳидони Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн ба Душанбе омад
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Комиссия Худоёрзода Бахтиёр Тавар бо муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн, ки роҳбарии ҳайати мушоҳидони байналмилалиро аз Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба уҳда дорад, баргузор гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар мулокот оид ба ҷараёни омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ, ки рӯзи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, сухан гуфта, изҳори бовар намуд, ки раъйпурсии умумихалқӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки васеъи шаҳрвандон баргузор мегардад.
Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалии Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн иброз дошт, ки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз намуда, натиҷаҳои мушоҳидаи ҷараёни омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқиро 23 майи соли равон пешниҳод менамояд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни раванди омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






