Русия ва ИМА ҷорӣ намудани «низоми оромӣ» дар Ҳалабро баррасӣ намуданд
Душанбе, 04.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Маркази Русия оид ба сулҳ дар Хмеймим масъалаи барқарор намудани «низоми оромӣ» дар Ҳалабро баррасӣ намуданд. Дар ин бора АИР «Новости» хабар медиҳад.
«Роҳбарони марказҳои сулҳи Русия ва ИМА дар Уммон нигаҳдории «низоми оромӣ» дар минтақаҳои шимоли музофоти Латакия ва наздикиҳои Димишқ-Гутаи Шарқӣ, инчунин масъалаи дар наздиктарин фурсат ҷорӣ намудани «низоми оромӣ» дар музофоти Ҳалабро баррасӣ намуданд», — иттилоъ доданд дар Вазорати мудофиаи Русия.
Инчунин зикр гардид, ки шумораи нуқтаҳои аҳолинишини Сурия, ки ба раванди сулҳ пайвастанд, то ба 90 адад афзуд.
Қаблан иттилоъ расида буд, ки ҷангиён барои ҳамлаҳои нав ба Ҳалаб неру мефиристанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






