Саҳлангорӣ дар корҳои роҳсозии қитъаи Шўрообод-Шоҳон. Чаро муҳлати татбиқи ин лоиҳа ду маротиба тамдид шуд?

Май 4, 2016 10:38

Душанбе, 4.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдид ва навсозии қитъаи Шўрообод-Шоҳони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб шинос шуд.
Навсозии қитъаи Шўрообод-Шоҳон тибқи лоиҳа 40 километр роҳ ва 10 пул бо дарозии умумии 1121 метрро дар бар мегирад. Татбиқи лоиҳаи навсозӣ ва таҷдиди қитъаи роҳи мазкур моҳи декабри соли 2011 оғоз гардида, дар айни ҳол ягона лоиҳаи соҳавие дар мамлакат мебошад, ки муҳлати иҷрои он маротибаҳои зиёд ба таъхир афтодааст.
Дар татбиқи лоиҳаи мазкур, ки ҳадаф аз иҷрои он мутобиқсозии ҳаракати нақлиёт ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, Ширкати муштараки «Комбайнд Групп контрактинг»-и Кувайт ва «Текар Текнинг Арастирма Лимитед Компани»-и Туркия ба ҳайси пудратчӣ ва Ширкати муштараки «Кувайт-Лубнон» ҳамчун машваратчӣ иштирок доранд.
Ҳарчанд татбиқи лоиҳа беш аз панҷ сол боз идома дорад, вале ҳолати корҳо дар иншоот нигаронкунанда мебошанд. Лоиҳаи таҷдид ва навсозии қитъаи Шўрообод-Шоҳони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, ки пудратчии кулли он Ширкати байналмилалии «Комбайн групп-Текар»-и Туркия мебошад, мебоист охири моҳи декабри соли 2014 ба итмом расонида мешуд. Вале бо сабаби саҳлангорӣ дар корҳои роҳсозӣ муҳлати татбиқи лоиҳа ду маротиба тамдид гардида, анҷоми он то охири соли 2016 пешбинӣ шудааст.
Дар лоиҳаи мазкур, ки бо ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хазинаҳои гуногуни давлатҳои Араб ва хазинаи кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) амалӣ мегардад, шумораи коргарон 202 нафар ва техникаю таҷҳизоти роҳсозӣ 130 ададро ташкил медиҳад. Новобаста аз он, ки маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хазинаҳои шарик дар сатҳи зарурӣ қарор дорад, вале ба ин нигоҳ накарда, корҳои азхудкунии маблағҳои ҷудогардида ғайриқаноатбахш мебошанд. Ягона пешравӣ дар лоиҳаи мазкур сохтмони пулҳо мебошад, ки дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бо назардошти ғайриқаноатбахш будани корҳои роҳсозӣ қарор дода шуд, ки фармоишгар ва пудратчии лоиҳа барои ташкили кори бонизом дар ҳама қитъаҳои роҳ, пеш аз ҳама, шумораи коргарон ва техникаю таҷҳизоти корро афзун карда, барои омодасозии мавзеъҳои алоҳидаи роҳ ба оғози корҳои мумфаршкунӣ дар моҳҳои наздик тамоми имконоту иқтидори мавҷударо сафарбар намоянд.
Сарвазири мамлакат аз роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва дигар ташкилоту идораҳои роҳсозӣ талаб намуд, ки дар татбиқи босифат ва саривақтии лоиҳаи ду маротиба тамдидшуда ин навбат ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
Дар идомаи боздид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кўлоб бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Тебалай шинос шуд.

Май 4, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд