«Саройкамар» «Помир»-ро шикаст дод
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври чаҳоруми бозиҳои лигаи якуми Чемпионати мамлакат «Саройкамар» дар бозии марказӣ ҳарифи асосиаш- дастаи «Помир»-и Душанберо, ки ҳайаташро футболбозони мунтахаби то 14- солаи кишвар ташкил мекунанд, дар майдонаш бо натиҷаи 2:0 мағлуб кард. Ин аввалин бохти футболбозони наврас ва ғалабаи чоруми «Саройкамар» ба ҳисоб меравад.
Дар ин давр «Панҷшер»-и Румӣ бо нишондоди рекордии бозиҳои имсола 5:0 «Локомотив»-и Душанберо шикаст дод. Абдухалил Боронов муаллифи 4 гол гардид ва бо 5 тӯб дар якҷоягӣ бо Шаҳром Самиев аз дастаи «Помир» пешсафи нишонзанҳои лигаи якум мебошанд. Натиҷаи бозиҳои боқимонда чунин аст:
«Кӯктош» — «Ҳулбук» 4:0
«Чашма» — «Комунна» 1:1
«Зарафшон» — «Парвин» 1:1.
Дар ҷадвали мусобиқот дар се зинаи аввал «Саройкамар»(12), «Панҷшер»(10) ва «Помир» (7) ҷойгир шудаанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






