Сатҳи огоҳии занон дар идораи сарҳад баланд гардид

Май 26, 2016 10:33

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.   Лоиҳаи идораи сарҳадот дар шимоли Афғонистон — Иттиҳоди Аврупо (БОМНАФ) дуюмин курси баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ барои кормандони зан дар мавриди идораи сарҳадро дар Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонид.
Дар курси мазкур ҳаждаҳ зан аз ҳисоби Полиси сарҳадии Афғонистон бо ду зан аз қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва се зан аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.  Онҳо  оид ба  мубориза бар зидди коррупсия, кумаки аввалия, баробарии гендерӣ, ҳуқуқи башар, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, раҳбарӣ ва идоракунӣ дарс хонданд.
Занон имконияти мубодилаи таҷриба бо кормандон аз неруҳои сарҳадии кишварҳои дигарро омӯхта, ба таври муштарак маҳорати нав омӯхтанд. Теъдоди занон дар Полиси сарҳадии Афғонистон тақрибан 1%-ро ташкил медиҳад, ки бисёр ақаллияти хурд аст ва онҳо дар як муҳити аз нигоҳи ҷисмонӣ ва фарҳангӣ чолишбарангез кор мекунанд. Ҳамкорони тоҷики онҳо ин чолишҳоро беҳтар дарк намуданд.
Дар ҳафтаи аввал, Ваҷма Софӣ дар мавриди тадбирҳои анҷомшудаи Афғонистон оид ба баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занон маълумот пешниҳод намуд. Хонум Софӣ узви Маҷлиси намояндагони парлумони Афғонистон буда, дар тӯли солҳои зиёд дар Полиси сарҳадии Афғонистон кор кардааст.
Коршиноси британиягӣ, нозири полис аз Британияи Кабир Аннита Кларк дар мавзӯи Раҳбарӣ ва идоракунӣ дарс гуфт. Дар соли 2013 хонум Аннита сазовори унвони «Полиси сол»-и Пулиси байналмилалӣ гардид. Ӯ узви фаъоли Ассотсиатсияи байналмилалии занони полис буда, таҷрибаи худро дар бораи ғолиб шудан бар ғарази муассисавӣ бар зидди занон дар давоми 27 сол дар полиси Британия мубодила кард.
Иштироккунандагон ҳамчунин дар суҳбат дар мавзӯи Афғонистон — Осиёи Марказӣ: дурнамоиҳои ҳамкории минтақавӣ фаъолона иштирок намуданд.

Май 26, 2016 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд