Ш.Зуҳуров: Ба шахсони пушти ҳодисаи Хован қарордошта, мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад
Душанбе, 20.05.2016/АМИТ Ховар/. Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони кории тоҷик яе аз мавзуоти меҳварии мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия буд, ки дар Санкт — Петербург сурат гирифт. Дар ин росто Ш.Зуҳуров аз ҳамтои русаш тақозо намуд, ки дар ҳалли мунсифонаи қазияи нангини дар оромгоҳи Хован ба вуқӯъомада мусоидат намуда, ба ҷинояткорону шахсони пушти ин ҳодиса қарордошта мувофиқи амалашон ҷазо дода шавад.
Ш.Зуҳуров таъкид кард, ки фаъолияти муғризонаи чунин гурӯҳҳо наметавонад рӯи сатрҳои муносиботи неку анъанавии Тоҷикистону Русия хатти сурх кашад. Муносиботи неки мардумони ду кишвар решаи таърихӣ дошта, бобоёну падарони мо дар канори ҳам тавонистанд, ки ба қавитарин рақиби худ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пирӯз шаванд. Бояд мо таҷрибаи гузаштагони худро истифода намуда, нагузорем, ки гурӯҳҳои иғвогар ба муносиботи дӯстонаи мо халал ворид намоянд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили таҳкими ҳамкории парлумонӣ байни ду кишвар матраҳ гардид.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






