«Шоми Ваҳдат» ва маҳфили адибон дар Роштқалъа
Қурғонтеппа, 27.05.2016 /АМИТ Ховар/. Дирӯз, 26 май дар мавзеи Шошиндашти ноҳияи Роштқалъа «Корвони Ваҳдат»-и Хатлонро раиси ноҳия Юсуф Султонноёбов ва дигар намояндагони расмии ноҳия бо нону намак, шеъру суруд ва бо дилгармии хосса истиқбол намуданд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, баъд аз зуҳри ҳамон рӯз дар ҷамоати деҳоти Тӯсиён маҳфили адибони Хатлонзамин бо иштироки Ҳақназар Ғоиб, Усмон Билолӣ, Ғаффоралӣ Сафар ва Чупон Бадал доир гардид. Адибон дар васфи сулҳу ваҳдат шеърхонӣ намуда, аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ёдрас шуданд.
Дар назди варзишгоҳи марказии ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав доир гардид.
Ҳамзамон барномаи консертиии «Шоми Ваҳдат» пешкаши мардуми ноҳия гардонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






