«Созандагони Ватан»: Барои ояндаи боамну ободи Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем!

Май 13, 2016 09:34

Душанбе, 13.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Вахш, Дӯстӣ, Темурмалик, Фархор ва Ховалинг ҳамоиши ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем!» вобаста ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷавонон — аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба майдонҳо баромада, ҷонибдории худро аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, аз ҳамагон даъват намуданд, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона ва бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ширкат варзанд.
Аз ҷониби ҷавонони ин ташкилот ба мардум дар шаҳру навоҳии номбаршуда даҳҳо ҳазор маводи таблиғотӣ тақсим карда шуда, онҳо барои иштирок дар раъйпурсӣ даъват шуданд.

Май 13, 2016 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст