Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор

Май 14, 2016 10:43

Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосугузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Зимни ҳисоботи телефонии худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда доир ба офатҳои табиии шабонарӯзи охир маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки дар тамому шаҳру ноҳияҳои мамлакат комиссияҳои ситоди ҳолатҳои фавқулода таъсис ёфта, барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ имконоту иқтидорҳои мавҷуда ба пуррагӣ сафарбар карда шудаанд.

Доир ба вазъи роҳҳои байнишаҳрӣ ва маҳаллӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон вазъият дар тамоми шоҳроҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ ва роҳҳои байнишаҳрию маҳаллӣ зери назорат қарор дошта, ҳаракати нақлиёт дар ҳамаи онҳо пурра имконпазир мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Панҷакент, Айнӣ, Шамсиддини Шоҳин, Рӯдакӣ ва Сангвор барои андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар барқарорсозии қитъаҳои роҳҳо ва пулҳои аз обхезӣ зарардида, расонидани кумакҳои аввалин ба мардуми осебдида ва таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар тамоми шоҳроҳҳо ва роҳҳои байнишаҳрию маҳалии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Май 14, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон