Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои ноил гардидан ба мақсадҳои олии мардуми тоҷик шароит фароҳам меоранд

Май 17, 2016 11:47

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. То баргузории раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон дар Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ҳамагӣ чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст. Дар кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи сарнавиштсоз омодагиҳо босуръат идома доранд.
Ҷобирзода Сурайё Ҳафиз, муовини якуми раиси Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро дар ин мавзӯъ чунин иброз намуд:

-Дар таҳкими соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон Конститутсияи (Сарқонун) кишвар нақши асосӣ дошта, он ба ҳайси шиносномаи давлату миллати тоҷик пазируфта шудааст. Конститутсия Қонуни асосии кишвар, ҳуҷҷати олие мебошад, ки сохти идоракунии давлатиро дар чаҳорчӯбаи муайяни қонунҳо тарҳрезӣ менамояд.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бо роҳи хосса ва танҳо бо раъйи аксарияти шаҳрвандон ба роҳ монда мешаванд. Бояд зикр намуд, ки давлатҳо дар ҷаҳон аз ҷиҳати шакл, сохт ва идоракунӣ гуногун буда, ҳар яки онҳо хусусияти нотакрори иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангиву таърихӣ, диниву мазҳабиро доро мебошанд ва ҳар як давлат вобаста ба шароити худ қонуни асосиашро таҳия ва қабул мекунад.
Рушди устувори ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсияи мо низ пайваста такмил дода шаванд. Ин тағйирот барои рушди ҷомеа мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.
Ҳангоми омӯзиши Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфтам, ки минбаъд аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ, Суди олии иқтисодӣ ва ҷавононе, ки бори аввал ба мансаби судягӣ таъйин мешаванд, қасам ёд мекунанд.
Ба ин васила масъулияти онҳо дар назди мақомоти олии қонунгузор дучанд боло мегардад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷамъияти мустақил буда, олитарин арзиши иҷтимоӣ ба шумор меравад, аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар ҳамаи қонунҳои амалкунандаи давлатамон мукаммал гардонида шудааст.
Зарурати тағйиру иловаҳо ба пешрафти давлати Тоҷикистон равона гардида, шароит фароҳам моварад, ки мардуми Тоҷикистон ба мақсадҳои олии худ ноил гардад.

Май 17, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад