Таҳсили беш аз 30 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷӣ
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни суханронӣ бо ҳузури ҷавонони кишвар бо хушнудӣ иброз намуда, таъкид намуд, ки: «Аз баракати истиқлолияти давлатӣ дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб беҳтар шудааст».
Пешвои миллат зикр намуд, ки ҷавонони тоҷик имрӯз дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ки ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашон ин давлатро роҳбарӣ ва ободу зебо мегардонанд.
Зимнан, зикр бояд кард, ки тавассути тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 майи соли равон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардиданд, барои иштироки ҷавонон дар умури идораи давлатӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бовариву эътимод ба ҷавонони саодатманди диёр изҳор намуд, ки: «Аз вохӯриву суҳбатҳо ва таҳлили андешарониҳои ҷавонон хуб эҳсос мегардад, ки онҳо нисбат ба ҷавонони охири асри гузашта ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ назари ниҳоят фарох доранд. Таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро самаранок истифода мекунанд, дар таъсиси марказҳои ҷавонон, корхонаҳои хурду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Барои омӯзиши илму донишҳои муосир кӯшиш намуда, ба забономӯзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат карда, барои гирифтани шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош менамоянд».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






