Тасдиқи фармонҳои Президенти кишвар аз ҷониби аъзои Парлумон
Душанбе, 05.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Як қатор Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 январ ва 30 марти соли 2016 вобаста ба масоили тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати кишвар, имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, тасдиқ шуданд.
Аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар ва вакилони Маҷлиси намояндагон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири кишвар озод намудани Марҳабо Ҷабборӣ бинобар расидан ба синни нафақа, озод намудани Зокирзода Мамадтоир Зоир аз вазифаи вазири кишоварзӣ бо сабаби гузаштан ба вазифаи дигар, инчунин озод намудани Акбар Ятимзода аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо сабаби гузаштан ба вазифаи дигар тасдиқ намуданд.
Ҳамзамон фармонҳои дигари Президенти кишвар аз 30 марти соли 2016 дар бораи таъйин намудани Зокирзода Мамадтоир Зоир ба ҳайси муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Изатулло Сатторӣ ба вазифаи вазири кишоварзии ҷумҳурӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






