Ташрифи намояндагони Маркази коркарди сиёсати муҳоҷират дар Аврупо ба ХМ
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо намояндагони Маркази муҳоҷират оид ба коркарди сиёсати муҳоҷирати Лоиҳаи Амалиёт доир ба таъмини ҳифзи шаҳрвандӣ дар ҷараёни танзими ҳолатҳои фавқулода вобаста ба гурезаҳо, ки дар Осиёи миёна амалӣ карда мешавад, Анна Бара, Стефани Бари ва Адиба Асадова мулоқот намуд.
Меҳмонон баён доштанд, ки доир ба қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират, ҷамъоварӣ ва коркарди иттилооти оморӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот пайдо намуда, барои корбарӣ ҳуҷҷати асосии консултативӣ, ки барои омӯзиш ба Хадамоти муҳоҷират пешниҳод карда мешавад, омода мекунанд.
Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират даъват намуданд, ки ҳуҷҷати мазкур бо тавсияҳо ва пешниҳодот омода карда шаванд, то барои беҳбудӣ бахшидан ба раванди танзими муҳоҷират дастурамал гардад.
Муовини сардори Хадамот Толиб Шарипов иттилоъ дод, ки Хадамоти муҳоҷират бо лоиҳаи аврупоии танзими раванди муҳоҷират MIOX аллакай шинос буда, панҷ марҳилаи ҳамкориро амалӣ намудааст. Бояд гуфт, ки таҷрибаи бои лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани тахассуси касбии мутахассисони Хадамоти муҳоҷират таъсири хуб расонид. Аз ҷумла, бо пешниҳод ва тавсияҳои лоиҳаи мазкур ба Хадамоти муҳоҷират муяссар гардид, ки 4 Маркази омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб ва Хуҷанд ифтитоҳ гардад.
Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба намояндагони лоиҳа доир ба моҳиятҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Русия, ки хусусияти вобастагии таърихӣ ва стратегӣ дорад, маълумот дода, аз ҷумла гуфтанд, ки Тоҷикистон бо Русия чор ҳуҷҷати байниҳукуматӣ ба имзо расонидааст.
«Барои коҳиш додани сатҳи муҳоҷират ба хориҷа, алалхусус ба Федератсияи Русия, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама тадбирҳоро андешида, ҳамасола ҷойҳои корӣ ташкил мекунад. Дар соли сипаригашта, 63 ҳазору 442 ҷойи кори доимӣ, 65 ҳазору 882 ҷои кори муваққатӣ ва 72 ҳазору 232 ҷои кори мавсимӣ таъсис гашта буд. Вале ба ин нигоҳ накарда, бозори меҳнати Русия барои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҷолиб боқӣ мемонад»,-илова намуд Тоҳир Каримзода.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон дар баробари Федератсияи Русия бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расонида, бо давлатҳои Қатар, Кувайт ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар муҳлатҳои наздик бо ин давлатҳо низ созишнома ба имзо хоҳад расонид.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






