Тими мунтахаби Тоҷикистон бар мунтахаби легионерҳо бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз вохӯрии плей-оффи бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол бо тими мунтахаби Бангладеш шоми дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Ҳаким Фузайлов дар як вохӯрии таҷрибавӣ ва санҷишиву дӯстона бо тими легионерҳои Тоҷикистон бозингарони дастаи мунтахабро имтиҳон кард.
Ҳайати даста дар нимаи аввал нисбат ба бозиҳое, ки соли равон дар рақобатҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон 2018 ҳунарнамоӣ карда буд, тафовут дошт. Бозингарони ҷавон Табрези Давлатмир ва Амирбек Ҷӯрабоев ба ҳайати бозингароне, ки дар қисми аввал ҳунарнамоӣ карданд, ҳамроҳ шуда буданд.
Нимаи аввали вохӯрӣ бо бартарии легионерҳо гузашт ва баъди голҳои Саломон Течи ва Андоҳ Наполеон дастаҳо бо натиҷаи 2:0 ба танаффус рафтанд.
Дар нимаи дуввум баъди тағйир хӯрдани ҳайат ҳунарнамоии футболбозонии тими миллӣ дигар шуд ва бо голҳои задаи Манучеҳр Ҷалилов(3 тӯб),Умед Шарипов ва Парвиз Умарбоев миллипӯшони кишварамон бо натиҷаи 5:2 ғалаба карданд.
Самураббии даста Ҳаким Фузайлов дар поёни бозӣ дар суҳбат ба «Ховар» гуфт: «Аз бозии футболбозон қаноатманд шудем ва акнун дар даста онҳое боқӣ мемонанд, ки аз санҷиш гузаштанд».
Ёдовар мешавем, ки сармураббии тозаинтихоби тими мунтахаби кишвар ба ин тамринҳо 29 нафар бозингаронро ҷалб карда буд.








Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






