Тренинги омӯзишӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ
Душанбе, 26. 05. 16. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъадор барои кормандони ҷузъу томҳои таҳлилии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук тренинг гузаронида шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, тренинг дар доираи таҳияи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 бо дастгирии лоиҳаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ RER/F23 «Низоми ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҷамъоварӣ, таҳлил ва мубодилаи маълумоти оперативӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир ташкил карда шуд.
Дар тренинг масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлили муфассал ва мубодилаи маълумоти фаврӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, омӯзиши кормандон барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.
Барои иштирокдорон ҳамчунин муаррифинома оид ба вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комёбиҳои лоиҳа намоиш дода шуд.
Гузаронидани тренингҳои ҳаммонанд дар ояндаи наздик дар назар аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






