«Як ҳафтаи ҳаёти кӯдакон»- озмун бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон
Қурғонтеппа, 19.05.2016 /АМИТ Ховар/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ба ҳаёти солим ҷалб намудани кӯдакон ва дарёфти истеъдодҳои наврас бахшида ба Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон — 1 июн дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии вилоят аз 24 то 31 майи соли 2016 бо номи «Як ҳафтаи ҳаёти кӯдакон» озмунҳои «Рақси беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Рассоми беҳтарин», «Дастони моҳир»-родоир кунад.
Тавре аз шуъбаи итилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории озмунҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихорӣ миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб, аз қабили ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ба ҳама ғолибони озмунҳо мукофотҳои хотиравӣ дода мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






