Аҳмад Зоҳир: «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест…»

Июнь 14, 2016 09:26

Душанбе,  14.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи сарояндаи маъруф ва зинданом Аҳмад Зоҳир 70 сол пур шуд. Имрӯз дар саросари дунё ҳаводорони суруду оҳангҳои ҷаззоби ин ҳунарманд бо доир намудани мулоқоту ҳамоиш, рӯнамоии албомҳои ҷадид  ва  барномаҳои гуногун аз ӯ ёд мекунанд.
Тавре яке аз аъзоёни маҳфили (фан-клуби) душанбегии  роғибони оҳангу таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо мамлакатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон- Афғонистон дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ба ифтихори 70-солагии ин хунёгари мумтоз барномаи консертиеро таҳти унвони «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест» омода намудаанд, ки он 19 июни соли равон соати 14:00 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба таври ройгон ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест» мисрае аз ғазалҳои машҳури Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ мебошад. Аҳмад Зоҳир аз нахустин хонандаҳои омотур (шавқӣ) буд, ки ғазалиёти ин шоири ҷаҳоншумулро сурудаанд.

Июнь 14, 2016 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад