Ҳамоиш оид ба омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Ваҳдат

Июнь 24, 2016 10:19

Ваҳдат, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кохи «Маърифат» ҳамоиш оид ба омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир гардид., ки дар он  намояндагони ташкилоту идораҳо, фаъолон, шоирону нависандагон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва вакилони Маҷлиси вакилони халқии шаҳр иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳр Фарзона Хоҷазода зикр намуд, ки ваҳдату оромии кишвар бо ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар дунё миллату халқиятҳое ҳастанд, ки аз рӯи шумораи аҳолӣ ва қаламрави ҷуғрофиашон дар муқоиса бо миллати мо хеле афзалият доранд, вале садсолаҳо дар орзуи давлатдории мустақилона ва ваҳдату оромӣ мебошанд. Аз ин хотир мову шумо бояд ба қадри соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва давлату давлатдории миллӣ расем ва онро азизу муқаддас донем.
Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон иброз намуд, ки маҳз тавассути Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам гардид, ки дар кишварамон сулҳу осоиштагӣ барқарор гардида, мардум аз вартаи ноумедӣ ва нобасомониҳои рӯзгор раҳоӣ ёбанд ва хушбахтона, дар барқарор шудани сулҳу ваҳдат саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калон аст.
Сарвари бузурги мо ваъдаи дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон додаашро, ки гуфта буд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам!», содиқона иҷро намуда, аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шуданаш пайи сулҳу суботу осоиштагӣ гардид.

Июнь 24, 2016 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд