Асолату бақои ҳар як миллат аз пойдории забону оинҳои миллист

Июнь 4, 2016 08:38

Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Комсомоли лаби Амур аз ҷониби хонаи «Дӯстии халқҳо»-и кишвар фестивали кӯдаконаи «Афсона ҳам ба хонаи шумо меояд» баргузор гардид.  Дар фестивал намояндагони ҳамаи миллатҳои маскуни шаҳри Комсомоли лаби Амур фаъолона ширкат варзида, ҳар яке ҳунару маҳорати сарояндагиу шеърхонӣ, рассомӣ ва дигар ҳунарҳои маъмулро пешкаши тамошобинон гардониданд. Дастаи ҳунарии бонувону кӯдакони ҷамъияти тоҷикон, ки ба он Қосимҷон Абдуллоев сарварӣ мекунад, дар чорабинӣ фаъолона ширкат варзид.

Зимни суҳбат Қосимҷон Абдуллоев иброз дошт, ки асолату бақои ҳар як халқияту миллат-ин забону оинҳои миллӣ буда, имрӯз маҳз тавассути талошҳову дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати иллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик тавонист бори дигар худро ҳамчун миллати дорои тамаддуни қадимтарину ориёӣ муаррифӣ намояд.

Ҳамчунин Қосимҷон Абдуллоев иброз дошт, ки мақсад  аз таъсиси ҷамъияти тоҷикон ва ширкат дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангии кишвари Шарқи Дур- ин муарифии осори бои таърихиву оламшумул  ба доираи васеи адибону мутафаккирон мебошад.

Садбарг Боқиева

Июнь 4, 2016 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст