Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи вилояти Суғд кумак расонида шуд

Июнь 6, 2016 13:50

Душанбе, 06.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Бо   мақсади шиносоӣ аз ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумакҳои моддӣ раиси вилояти Суғд  ба водии Зарафшон сафари корӣ анҷом дод.
Сафари кории Раиси вилоят ва дигар намояндагони мақомоти иҷроия ба водии Зарафшон аз аёдати оилаи Тӯйғуновҳо, ки бар асари омадани сел дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ модару фарзанд ба ҳалокат расида буданд, оғоз ёфта, ба ин оила ҳамзамон кумакҳои моливу моддӣ расонида шуданд.
Сипас роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои зарардидагон дар мавзеи Дашти қозии ҷамоати деҳоти Ёрии Панҷакент шинос шуд. Дар ин ҷо аз тарафи мақомоти иҷроияи шаҳри Панҷакент барои 22 оилаи аз офати табиӣ манзилҳояшон осебдида замин ҷудо карда шуда, сохтмони хонаҳо идома доранд. Аз ҷумла, чор хонаи шаҳрвандоне, ки пурра вайрон шудаанд, дар ин мавзеъ ва хонаи ду шаҳрванди дигар дар худи деҳа дар ҷои бехавф азнав сохта мешаванд ва барои боқимонда дар бунёди хонаҳояшон кумакҳои моддӣ, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ шудаанд. Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд хонаҳои шаҳрвандон ба истифода дода шаванд. Инчунин зикр гардид, ки хонаҳои нав пурра бо ҷиҳози рӯзгор таъмин мегарданд.
Дар деҳаи Шӯрчаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент барои сокинони ҷабрдидае, ки хонаҳояшон пурра хароб гардидаанд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохтмони хонаҳои нав идома дорад. Умуман барои сокинони шаҳри Панҷакент аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 15 манзили истиқоматӣ бунёд карда мешавад.

Июнь 6, 2016 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ