Барои тағйиру истифодаи рақамҳои бегона ҷарима аз 400 то 600 сомонӣ ситонида мешавад

Июнь 22, 2016 16:50

Душанбе, 22.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар асоси ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз Парлумони кишвар онро қабул кард,  ронандагоне, ки  воситаҳои нақлиётро бо рақамҳои қайди бегона ё қалбакӣ идора менамоянд, аз онҳо ҷаримаи маъмурӣ  ба андозаи аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 400 то 600 сомонӣ  ситонида шуда, /як нишондиҳанда муодили 40 сомонӣ/ ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати аз 6 моҳ то 1 сол пешбинӣ гардидааст. Агар ронандагон такроран чунин қоидавайронкуниро содир намоянд, нисбат ба онҳо дар асоси Кодекси  ҷиноятии кишвар тадбир андешида мешавад.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ  лоиҳаи қонуни мазкурро дар ҷаласаи Парлумони кишвар  тавзеҳ дода, гуфт, ки  ҳадафи он пешгирии қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ,  баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаи  нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳ,  ба каси дигар надодан ва  ғайриқонунӣ иваз накардани  рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт мебошад.
Мавсуф зикр кард, ки  танҳо дар соли 2015 бештари қоидавайронкуниҳои ба тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ таҳдидоваранда  бо истифода аз  воситаҳои нақлиёт содир карда шудаанд,  ки қариб 85% -и шумораи умумии ҳуқуқвайронкуниҳо ё беш аз 1,5  миллион далелро  дар миқёси ҷумҳурӣ дар бар мегиранд.   Таъкид шуд, ки қоидавайронкуниҳое, ки бо истифода аз рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ дар воситаҳои нақлиёт содир карда мешаванд, бештар ба қайд гирифта шуда,  ташвишоваранд ва  ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо дар бисёр ҳолатҳо ба мушкилот оварда мерасонад. Хусусан баъди ба фаъолият шурӯъ кардани низоми  «Шаҳри бехатар»   ҳолатҳои бо рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт зиёд мушоҳида мегарданд. Аламшозода зикр кард, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт бо мақсади пардохт накардани маблағи ҷаримаи маъмурӣ, вобаста ба вайрон кардани  қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тавассути таҷҳизоти  техникӣ сабт мегарданд, аз рақамҳои қайди давлатии  бегона ё  қалбакӣ истифода мебаранд. Инчунин барои  рӯйпӯш намудани амали ҷиноятӣ рақамҳои қайди давлатии бегона ва ё қалбакиро  истифода мебаранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли  2015 дар қиёс ба соли  2014-ум (945 далел) шумораи чунин ҳуқуқвайронкуниҳо қариб се маротиба афзуда, беш аз 2500 ҳолатро дар бар мегирад. Талаботи муқаррароти  моддаи 312- и  муқаррарорти Кодекси амалкунанад   оид ба идора намудани воситаҳои нақлиёт бо рақамҳои қайди бегона ё қалбакӣ нокифоя буда, барои пешгирии ин гуна кирдорҳо ба пуррагӣ мусоидат наменамояд.
Аз ин рӯ,  моддаи 313- и Кодекси мазкур дар таҳрири нав таҳия карда шуда,  санксияи он пурзӯр гардонида мешавад.
Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз ҷонибдорӣ гардидан аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти кишвар амалӣ мегардад.

Июнь 22, 2016 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Пагоҳ дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ҳавопаймо дар наздикии фурудгоҳи Вашингтон ба дарё афтод
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ТОҶИКИСТОН-НАМУНА БАРОИ ИБРАТ. Дар Қирғизистон барои исрофкорӣ дар тӯю маросими дафн ҷарима ситонида мешавад
Пагоҳ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Нахустин заминаи инноватсияҳо
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хуҷанд ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст
Пагоҳ дар Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ доир мегардад