Баррасии Фармони Пешвои миллат дар Вазорати молияи ҶТ
Душанбе, 22.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Фармони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати молияи ҶТ аз тамоми вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Тавре ки сардори Сарраёсати Буҷети давлатии Вазорати молияи ҶТ Сайвалӣ Сафаров зикр кард, аз 1 июли соли равон ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ 60 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 400 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд. Яъне, дар ҳамаи муасисаву ташкилот ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон аз 1 июли соли равон музди меҳнати моҳонаи кормандони бастӣ набояд аз 400 сомонӣ кам бошад.
Ҳамчунин иштирокдорон оид ба Фармони Сарвари давлат муаррифӣ (презентация) гузаронда, бо намоиши роликҳои видеоӣ бандҳои алоҳидаи Фармонро дар бораи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мудофиа ва иқтисодиёти Вазорати молияи ҶТ шаҳр доданд.













ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






