Дабири кулли СУТ СММ Толиб Рифоӣ: «Дар дили ман Тоҷикистон ҷои хос дорад»
Душанбе, 11.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар дили ман Тоҷикистон ҷои хос дорад»,-гуфт Толиб Рифоӣ, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ дирӯз зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ.
Бино ба гуфтаи Толиб Рифоӣ, ин ташрифи дуввуми ӯ ба ин донишкада мебошад.
«Вазифаи муҳими ман- ин бархурдор намудани мардуми хориҷа аз имконоти туристии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон иқтидори пурқувват барои муаррифӣ карданро дорад. Ман кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ин имконоти Тоҷикистонро ба тарзи дуруст ба хориҷиён расонам»,- илова намуд Т.Рифоӣ зимни баромадаш.
Ба гуфтаи Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ, соҳаи туризм барои Тоҷикистон соҳаи зарурӣ маҳсуб мешавад.
«Бояд масъулини соҳа барои зиёд кардани теъдоди сайёҳон ба Тоҷикистон корҳои зиёдро анҷом диҳанд. Ин ҷо ғайр аз рушди соҳаи сайёҳӣ, инчунин ба тарғибу ташвиқ бояд диққати ҷиддӣ дод. Ташвиқу тарғиб ва рушди туризм бояд ҳарду якҷоя қадам зананд. Барои ин бояд Тоҷикистон тамоми имконияташро истифода намояд ва ин соҳаро сармоягузорӣ кунад»,- гуфт Т.Рифоӣ.
Т.Рифоӣ афзуд, ки имрӯз бештари кишварҳои ҷаҳон аз фоидаи соҳаи туризм рушд мекунанд.
«Ман ба Тоҷикистон барои дидани чеҳраҳои зебои тоҷикон омадам»,-илова намуд Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии туристии СММ.








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






