Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ҷашн мегиранд
Душанбе, 1.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 июн дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирокдорони озмуни Нозирони навраси ҳаракат ба саёҳати шаҳри Душанбе баромада, биноҳои Душанбе Плаза ва Наврӯзгоҳро тамошо мекунанд.
31 май дар Комплекси сайёҳии «Варзоб» ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маросими тантанавии кушодашавии озмуни шашуми Нозирони навраси ҳаракат баргузор гардид.
Пеш аз оғози озмун аз тарафи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Варзоб паради тантанавӣ намоиш дода шуд. Инчунин дар доираи барномаи фарҳангӣ кӯдакону наврасон шеъру сурудхонӣ намуда, ба иштирокдорон руҳияи хушҳолӣ бахшиданд.
Саидзода Маҳмадсаид- сардори Раёсати БДА ВКД, баргузории озмунро падидаи неку судманд арзёбӣ намуд.Иқдоми пешгирифтаи Вазорати корҳои дохилӣ метавонад наврасонро ба омӯзиши бештари қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳидоят намуда, дар пешгирӣ намудани садамаҳои роҳу нақлиётӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи идораю ташкилоти марбута ба масъалаҳои пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, баланд бардоштани донишу маърифати назариявӣ ва амалии хонандагон оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҷамъбасту инкишоф додани таҷрибаи пешқадам оид ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд.
Озмуни шашуми ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат 2 июн ҷамъбаст мегардад. Дар он панҷ даста бо фарогирии 50 нафар аз тамоми ҷумҳурӣ аз рӯи шартҳои гуногун, мисли пурдонҳо, санитари наврас, танзимгари наврас, донишмандони қоидаи ҳаракати роҳ, хабарнигори наврас ва ташвиқгарони наврас рақобат менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори СММ аз соли 1950 инҷониб дар кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Кӯдакон тахминан 20-25 фоизи аҳолии ҳар як кишварро ташкил мекунанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






