Дар Конибодом ду майдони футболи хурд кушода шуд
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар боғи истироҳату фароғати шаҳри Конибодом ду майдони сунъии футболи хурд ба истифода дода шуд.
Ғайбулло Боҳирӣ, мири шаҳри Конибодом ва ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев ба сохтмончиён ҷиҳати сари вақт ва бо сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ изҳори сипос намуданд.
Бунёд шудани ин майдонҳо имкон медиҳад, ки дӯстдорони футболи ин шаҳр минбаъд дар вақти фароғати худ ба бозии футбол машғул шаванд. Аз тарафи дигар майдончаҳои бозӣ барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






