Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими мунтахаби олимпии Қирғизистон бозӣ мекунад

Июнь 15, 2016 11:53

Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони 19- солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими  мунтахаби олимпии Қирғизистон (U-21) бозии рафиқона анҷом медиҳад.
Ин дидор 12 июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Бозии рафиқона бо тими футболи мунтахаби олимпии Қирғизистон барои футболбозони ҷавони мо як таҷрибаи хубест, ки  ҷиҳати омодагӣ ба даври финалии Чемпионати Осиё-2016 аз 13 то 30 октябри соли равон дар Баҳрайн баргузор мегардад.
Ёдовар  мешавем, ки  дар ин мусобиқаи қитъавӣ дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон шомили гурӯҳи «Д» мебошад ва рақибони дастаи мунтахаби мо тимҳои Узбекистон, Чин ва Австралияанд.

Июнь 15, 2016 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ