Дастаи мунтахаби Олмон бозиҳои «Евро-2016»-ро бо ғалаба оғоз кард
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар аввалин бозии гурӯҳи «С» чемпионҳои феълии ҷаҳон- футболбозони дастаи мунтахаби Олмон бо тими мунтахаби Украина вохӯрда, бо натиҷаи 2:0 ғалаба карданд. Футболбозони украинӣ ҳангомаеро, ки мухлисону коршиносони футбол аз онҳо интизор буданд, ба амал оварда натавонистанд. «Машина»-и олмониҳо (бозии дастаи мунтахаби Олмонро чунин тавсиф мекунанд) тавре ҳаракат кард, ки дар ҷараёни он Шкодран Мустафи(19) ва Бастиан Швайнштайгер(90+2) ба задани гол мушарраф шуданд ва футболбозони Украинаро маҷбур карданд, ки ба бохт тан диҳанд.
Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Лаҳистон бар Ирландияи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дастаи мунтахаби Туркия ҳам дар бозии нахустинаш дар гурӯҳи «Д» аз тими мунтахаби Хорватия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Имрӯз дар гурӯҳи «Д» дастаи мунтахаби Испания бо Чехия, дар гурӯҳи «Е» Ирландия бо Шведсия ва Белгия бо Италия вориди майдон мешаванд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






