Дипломатҳо роҳҳои мубориза бо савдои одамонро меомӯзанд
Душанбе, 01.06.2016/АМИТ Ховар/. Имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи мубориза бо савдои одамон давраи омӯзишӣ оғоз ёфт, ки дар он кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии /ВКХ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон сафоратҳо ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ширкат менамоянд. Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират /СБМ/ дар ҳамкорӣ бо ВКХ-и ҷумҳурӣ ва шуъбаи назорат ва мубориза бо савдои одамони Департаменти давлатии Амрико (J/TIP) гузаронида мешавад. Иштирокдорони давраи омӯзишӣ вазъи савдои одамонро дар Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории нави миллӣ ва санадҳои байналмилалиро баррасӣ карда, бо таҷрибаи ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо савдои одамон шинос мешаванд. Коршиносони маҳаллӣ нақши ҳайати дипломатиро дар мубориза бо савдои одамон шарҳ дода, иштирокдоронро бо равандҳои нав дар самти ҳимоя, муайян ва баргардонидани қурбониёни савдои одамон ошно месозанд. Ҳамзамон иштирокдорони давраи омӯзишӣ аз таҷрибаи наву пешрафтаи ҳамкорӣ миёни идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ ва ҳамчунин нақши СБМ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти талошҳои муштарак ҷиҳати ҳимоя ва ёрӣ ба қурбониён, бахусус ироаи паноҳгоҳҳо ва таҳияи бунгоҳҳои эътимод ба воситаи телефонҳои боварӣ огоҳ мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки савдои одамон як навъи ғуломдории замони муосир буда, инсонро бо ҳадафи истисмори корӣ ё шаҳвонӣ ва ё манфиати молӣ мавриди тиҷорат қарор медиҳад. Азбаски тиҷорати инсон ҷинояти фаромарзӣ аст, бисёре аз қурбониён дар кишварҳои дигар қарор дошта, ниёзманди дасти ёриянд, сафоратҳо, консулгариҳо ва хадамоти муҳочират ба ҳайси нуқтаи нахустини тамос миёни ватан ва қурбониён дар раҳоии онҳо ва наҷоти ҳаёту сарнавишти онҳо нақши калидиро мебозанд. Таълими малакаҳои зарурӣ ба шахсони масъули ин сохторҳо дар мубориза бо савдои одамон дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






