Ду паҳлавони дзюдои Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтанд
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавонони шинохтаи риштаи дзюдои Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия иштирок мекунанд.
Сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) дар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ Комроншоҳи Устопириёнро аз шумори 278 дзюдочии ҷаҳон, ки бо касби 1292 имтиёз дар зинаи 11-ум қарор дорад, ба таври мустақим ба қатори иштирокдорони рақобатҳои вазни 90 кг ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 роҳ дод.
Дар ин вазн бо паҳлавони тоҷик Комроншоҳ-Машу Бакери ҷопонӣ(2496 имтиёз дар мақоми аввал), Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ (2340 имтиёз дар мақоми дувум), Варлам Липартелиани аз Гурҷистон( 2192 имтиёз дар мақоми севум), ки аз ҷумлаи беҳтаринҳо маҳсуб мешаванд, вориди майдони дзюдои бозиҳои олимпӣ мешаванд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дуввумин паҳлавони дзюдои Тоҷикистон бо квотаи қитъавӣ ҳаққи ширкатро дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шуд. Ӯ дар раддабандии охирини ҷаҳониву олимпӣ дар вазни беш аз 100 кило дар байни 188 нафар бо 377 имтиёз дар зинаи 48-ум ҷой гирифтааст.
Дар ин вазн Тедди Ринер аз Фаронса бо 3150 имтиёз дар мақоми аввал, Ҳисаёшӣ Ҳарасава аз Ҷопон бо 2580 имтиёз дар зинаи дувум ва Якив Ҳаммо аз Укроин бо 1978 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.
Дар Олимпиадаи Рио-2016 дар риштаи дзюдо аз Ҷопон, Бразилия ва Фаронса 14-нафарӣ ва аз кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷуз ду нафар аз Тоҷикистон, аз Русия 11 нафар (7 мард ва 4 зан), Гурҷистон — 8 нафар (7 мард ва 1 квота), Узбекистон — 8 нафар (6 мард ва 2 квота), Украина — 7 нафар (3 мард, 3 зан ва 1 квота), Озарбойҷон — 7 нафар (4 мард, 2 зан ва 1 квота), Қазоқистон — 5 нафар (3 мард, 1 зан ва 1 квота), Беларус — 3 нафар (1 мард, 1 зан ва 1 квота), Қирғизистон — 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Туркманистон — 2 нафар (1 зан ва 1 квота), Латвия — 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Арманистон — 2 нафар (1 мард ва 1 квота), Эстония — 1 нафар (квота), Молдова — 1 нафар (квота) ва Литва — 1 нафар (квота) дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок мекунанд.
Миёни варзишгарони Тоҷикистон аввалин роҳхатро ба Бозиҳои олимпии Рио-2016 гурзандози машҳур Дилшод Назаров ба даст овардааст ва акнун ин шумора ба се нафар баробар шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






