Дуюмин мусовии «Истиқлол» дар мавсими футболи соли 2016

Июнь 13, 2016 10:24

Душанбе, 13.06.2016 (АМИТ «Ховар»).-Даври 9 Чемпионати мамлакат оид ба футбол бо мусовии дуввуми «истиқлолиҳо» дар мавсими соли 2016 хотирмон хоҳад шуд. Чемпиони чоркаратаи кишварамон «Истиқлол»-и Душанбе  агар дар мавсими соли 2015 дар 18 вохӯрӣ ду мусовӣ карда бошад, ин навбат дар бозии даври 8 дар марҳалаи аввали мусобиқот бо дастаи нави Лигаи олӣ «Ҳосилот»-и Фархор дар сафар вохӯриашро бо натиҷаи 1:1 мусовӣ анҷом дод.

Соҳибони майдон баъди таъйини ҷазои пеналтӣ  дар дақиқаи 29 тавассути зарбаи Иброҳим Рабимов ҳисобро кушоданд. Ба Манучеҳр Ҷалилов муяссар гардид, ки дар 70-умин дақиқаи вохӯрӣ ҳисобро баробар кунад.

Дар ин давр «Барқчӣ» бо ҳисоби 2:1 «Хайр»-и Ваҳдатро мағлуб кард. Вохӯрии байни дастаҳои КМВА «Помир» — «Парвоз» 3:0, Вахш»-«Регар ТадАЗ» 2:1 ва «Равшан» -«Хуҷанд» бо ҳисоби 2:3 ҷамъбаст шуданд.

Дар ҷадвали мусобиқот баъди даври 9 тағйирот ба таври зайл ворид гардид:

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 6 2 0 27-10 20
2 «Ҳосилот» (Фархор) 8 4 3 1 12-8 15
3 КВА «Помир» (Душанбе) 8 4 1 3 11-7 13
4 «Вахш» (Қурғонтеппа) 8 4 1 3 15-15 13
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 8 4 1 3 12-12 13
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 4 0 4 8-14 12
7 «Хайр» (Ваҳдат) 8 3 3 2 13-6 12
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 8 3 1 4 12-11 10
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 8 1 1 6 7-17 4
10 «Равшан» (Кӯлоб) 8 0 1 7 8-25 1

 

Нишонзанҳои беҳтарин инҳоянд: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 7, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш») – 5, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») –  4.

Даври 8 Чемпионати мамлакат, ки бо сабаби иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои плей-оффи Чемпионати Осиё-2019 бо тими мунтахаби Бангладеш ба таъхир гузошта шуда буд, 18 ва 19 июн баргузор мешавад. «Парвоз» бо «Вахш», «Регар-ТадАЗ» бо «Равшан», «Истиқлол» бо КМВА «Помир», «Хуҷанд» бо «Баркчӣ» ва «Хайр» бо «Ҳосилот» вориди майдон мешаванд.

 

 

 

Июнь 13, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд