Футбол оммавӣ мешавад
Душанбе, 06.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашнҳои фархунда- 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футболи хурд байни сокинони маҳаллаи 83-юми ноҳияи Сино баргузор гардид.
Барои иштирок дар ин чорабинӣ масъулини тадбири мазкур 12 даста таъсис дода, мувофиқи реҷа барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ байни ҳам мубориза бурданд. Бозиҳо дар майдончаҳои назди биноҳои баландошёна сурат гирифта, давоми як моҳ идома карданд. Дар ин сабқатҳо бозингарони гуногунсинн имкони иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи футболи хурд бо ташаббуси сокинони фаъоли маҳаллаи 83-юми ноҳияи Сино соли дуюм аст, ки роҳандозӣ карда мешавад. Тимҳои иштирокдори сабқат бадоҳатан бо номҳои гуногун дар ин мусобиқа баромад намуданд.
Аз ҷумла, дастаҳое, ки то ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд, яке «Челси» ва дигаре «Интер» ном доштанд. Вақти асосии бозии ниҳоӣ ғолибро муайян карда натавонист, зеро футболбозон аз худ маҳорати хуб нишон дода, ҳеҷ кадоме аз онҳо таслим шуданӣ набуд.
Довар силсилаи зарбаҳои маъмулӣ таъйин намуд. Дар ин давр футболбозони ҳаваскори дастаи «Челси» маҳорати баландтар нишон дода, барандаи ҷоми мусобиқа шуданд.
Ба дастаҳои ғолиб аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва чанд тан аз сокинони фаъоли ноҳия медалу ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва ба дастаи Челси Ҷоми асосии мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






