Футболбозони Олмон ва Лаҳистон дастаи мунтахаби Украинаро аз мубориза барои Ҷоми Аврупо барканор карданд

Июнь 17, 2016 09:45

Душанбе, 17.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии даври дуввуми гурӯҳи «С» дастаҳои мунтахаби Олмон ва Лаҳистон дар дили шаб аз худ натиҷаи мусовии 0:0-ро боқӣ гузоштанд ва ҳузури  дастаи мунтахаби Украинаро, ки пеш аз ин вохӯрӣ аз футболбозони Ирландияи Шимолӣ бо ҳисоби 2:0 шикаст хӯрда буд, дар бозиҳои 1/8 ниҳоии Ҷоми Аврупо-2016 барҳам заданд.
Дастаҳои мунтахаби Олмон ва Лаҳистон бо 4 имтиёзӣ дар садри гурӯҳ қарор доранд ва футболбозони украинӣ аз аввалинҳое ҳисоб мешаванд, ки баъди вохӯриҳои гурӯҳӣ бозиҳои ниҳоии Евро-2016-ро тарк мегӯянд.
Дар даври сеюм 21 июн дастаи мунтахаби Олмон дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» бо мунтахаби Ирландияи шимолӣ ва лаҳистониҳо бо украниҳо дар Марсел бо ҳам қувва месанҷанд.

Июнь 17, 2016 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад