«Гулбазми Хатлон» доир мегардад

Июнь 30, 2016 09:44

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    2 июли соли равон озмуни вилоятии «Гулбазми Хатлон»   доир мегардад,-хабар дод   Фазлиддин Маҳмадраҳимзода аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон.
Бино ба маълумоти манбаъ, чорабинии мазкур дар майдони 70-солагии водии Вахши шаҳри Қурғонтеппа баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки ин чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби шукуфоии кишвар, тарбияи зебоипарастӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ташвиқи гулпарварӣ дар маҳал, оила, ҷойи кор ва дарёфти намудҳои гуногуни гулҳо ва нафарони гулпарвар мебошад.

Июнь 30, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад