Хатлон: эҷоди адибони ҷавон таҳлил мегардад
Душанбе.21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори конфронсии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсидддини Шоҳин машварати адибони ҷавони вилоят доир гардид. Машваратро иштирокдорони маҳфили «Навқалам» бо қироати шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, Тоҷикистон ва Ваҳдат оғоз намуданд.
Дар машварат Миралӣ Салимов, котиби масъули шуъбаи қурғонтеппагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилоят, Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон, Муҳаммадалии Аҷамӣ, мудири шуъбаи назми Итифоқи нависандагон, Парда Ҳабиб, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва дигар шоирону адибони хатлонӣ фаъолона иштирок намуданд.
30 нафар адибони ҷавони вилоят шеъру ҳикояҳои худро пешниҳоди таҳлилгарони машварат намуданд. Баъди таҳлилу муҳокимаи шоирону нависандагон беҳтаринҳо барои иштирок дар машварати ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин машваратҳо адибони шинохта бо эҷодиёти адибони ҷавони ҷумҳурӣ аз наздик шинос шуда, ба онҳо дар масоили эҷод, сабку усули он, дарёфти мавзӯъ, эҳсоси гардишҳои нав дар зиндагӣ, дарки завқи хонандаи муосир ва дигар масъалаҳои ба он марбут тавсияҳои муфид дода мешаванд.
Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд даври дуюм ва ҷамъбастии Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон моҳи августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, беҳтарин адибони ҷавон барои узвият ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз дигар имтиёзҳо бархӯрдор хоҳанд гашт.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






