Хатлон: эҷоди адибони ҷавон таҳлил мегардад

Июнь 21, 2016 11:04

Душанбе.21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори конфронсии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсидддини Шоҳин машварати адибони ҷавони вилоят доир гардид. Машваратро иштирокдорони маҳфили «Навқалам»   бо қироати шеъру таронаҳо дар васфи Ватан,  Истиқлолият, Тоҷикистон ва  Ваҳдат оғоз намуданд.
Дар  машварат  Миралӣ Салимов,  котиби масъули шуъбаи қурғонтеппагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилоят, Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон, Муҳаммадалии Аҷамӣ, мудири шуъбаи  назми  Итифоқи нависандагон, Парда Ҳабиб, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва дигар шоирону адибони хатлонӣ фаъолона иштирок намуданд.
30 нафар  адибони ҷавони вилоят  шеъру ҳикояҳои худро  пешниҳоди таҳлилгарони машварат намуданд. Баъди  таҳлилу муҳокимаи  шоирону нависандагон  беҳтаринҳо барои иштирок дар  машварати ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ  Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин машваратҳо  адибони шинохта  бо эҷодиёти  адибони ҷавони ҷумҳурӣ аз наздик шинос шуда, ба онҳо дар масоили  эҷод, сабку усули он, дарёфти мавзӯъ,  эҳсоси гардишҳои нав дар зиндагӣ,  дарки  завқи хонандаи муосир ва дигар масъалаҳои ба он марбут тавсияҳои муфид  дода мешаванд.
Ато Мирхоҷа, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  зикр намуд,  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  даври дуюм ва    ҷамъбастии  Машварати ҷумҳуриявии адибони ҷавон  моҳи августи соли равон  дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, беҳтарин адибони ҷавон  барои узвият ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз дигар имтиёзҳо бархӯрдор хоҳанд гашт.

Июнь 21, 2016 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад