Ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии беш аз 600 кг шираи камол ба Қирғизистон
Душанбе, 06.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Гумрукчиёни тоҷик аз интиқоли ғайриқонунии 630 килограмм шираи камол ба Қирғизистон ҷилавгирӣ намуданд. Ин миқдор шираи камол зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар пойтахт ошкор ва пешгирӣ гардид.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон М.А.Б дар ҳамкорӣ бо як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон қаблан нақшаи ҷинояткоронаро барои муомилоти ғайриқонунии шираи камол тарҳрезӣ намуда, маслиҳат менамояд.
Шаҳрванд М.А.Б ҳамзамон бо маслиҳати пешакӣ бо мудири яке аз ширкатҳои пойтахт С. Ҷ дар даҳ зарфи оҳанини ғунҷоишашон 30 кг шираи камолро гирифта, мехостанд тавассути шахсони номаълум ғайриқонунӣ ба ноҳияи Лахш ва ба таври қочоқ ба Қирғизистон интиқол диҳанд.
Ҳангоми гузаронидани назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воситаи нақлиёти мусофиркаши тамғаи «Мерседес Бенс Спринтер», рақами қайди давлатиаш S 97-70 АВ, таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Ш.А.А қарор дошт, боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони мошин 10 адад зарфи оҳанин ошкор гардид, ки дар дохили ин зарфҳо 300 кг шираи камол мавҷуд буд.
Ҳамзамон зимни гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи шаҳри Душанбе аз анбори яке аз ширкатҳо ки ба шаҳрванд С. Ҷ тааллуқ дошт, 500 қуттича бо навиштаҷоти «шираи камол», 500 қуттича бо навиштаҷоти «решаи ширинбия», ҷамъ 1000 қуттича ва 14 адад зарфи пластикии рангашон зарди ғунҷоишашон 20 кг, ки дар дохилашон моеъи ғафси бадбӯй мавҷуд буданд, ёфта гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ин афроди ҷиноятпеша маводи мазкурро аз кӯҳу саҳро ва талу теппаҳои ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намуда, бо ин амал ба табиат зарари калон расонида, мехостанд миқдори калони шираи камолро ба таври қочоқ ба Қирғизистон интиқол дода, аз ин ҳисоб даромади муфт ба даст биёранд.
Нисбат ба шахсони қонуншикан М.А.Б ва С. Ҷ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






