«Қиссаи ғамгину рангин» — и театри Лоҳутӣ
Душанбе, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе нахустнамоиши мазҳакаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ «Қиссаи ғамгину рангин» баргузор гардид. Намоишномаи мазкур сарнавишти як зани ҷавонро, ки шавҳари пир дораду барои додхоҳӣ ба назди мулло-хатиби масҷид, раиси маҳалла, вакили халқ ва вазири вақт рафта, аз ҳамаи онҳо муносибату муомилаи яксони ғайриахлоқӣ мебинад ба тамошобин пешкаш кардааст.
Намоишномаи «Қиссаи ғамгину рангин» аз тарафи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев ба саҳна гузошта шуда, коргардони он Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Тӯрахони Аҳмадхон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки театри давлатии академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ аз кӯҳантарин театрҳои кишвар буда, дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии чандин наслҳои даврони шӯравӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Ҳоло дар маркази Душанбе сохтмони бинои нави театри миллӣ идома дорад, ки он аз калонтарин ва боҳашаматтарин бинои театрӣ дар Осиёи Марказӣ дониста хоҳад шуд. Дар назар дошта шудааст, ки бо анҷом расидани сохтмони бинои Театри миллӣ ба рушди театрҳои мамлакат такони ҷиддӣ дода шуда, дар ҳаёти маданӣ-театрӣ тағйироти куллӣ ба амал меояд.





















Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






