Конфронси илмӣ-амалӣ ба шарафи 75-солагии чемпиони ҷаҳон оид самбо Саидмуъмин Раҳимов
Душанбе, 11.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикисон ба номи Саидмуъмин Раҳимов конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Истифодаи арзишҳои миллӣ дар мактаби сарварии варзишӣ» баргузор гардид. Конфронси мазкур бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75- солагии шодравон ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов роҳандозӣ гардид. Дар он устодону донишҷӯён, мураббиёни варзида, собиқадорони соҳаи варзиш ва ҳамсабақону шогирдони чеҳраи намоёни варзиши тоҷик- Саидмуъмин Раҳимов иштирок намуданд.
Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Шодӣ Сафаров иброз намуд, ки саҳми ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар рушду инкишофи варзиши кишвар назаррас аст. Роҳи ширкат дар мусобиқаҳои ҷаҳониро барои варзишгарони мамлакат бори аввал маҳз Саидмуъмин Раҳимов бо ҳунарнамоии хубу касбӣ боз намуд ва саҳми ӯ дар муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ назаррас аст.
Саидмуъмин Раҳимов ҳанӯз соли 1975 аз намуди гӯштини самбо дар Чемпионати ҷаҳон медали тилло ба даст овард ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд,- иброз дошт Шодӣ Сафаров. Дар ҷамъомад асосгузори гӯштини самбо дар Тоҷикистон Исмат Абдуллоев, мураббиён ва собиқадорони соҳа, аз ҷумла Маҳмадшариф Сулаймонов, Амрисултон Наботов, Мирзосафар Шамсиддинов, Мирзобоқӣ Шарифов ва дигарон доир ба ҳаёт ва фаъолияти ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов маърӯза карданд.
Ҳамзамон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикисон барои дарёфти Ҷоми Саидмуъмин Раҳимов мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ташкил карда шудаанд, ки барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ на танҳо донишҷӯёни ин муассиса, балки дигар варзишгарон низ имкони дар он ширкат варзиданро доранд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






