Марги падари Дарио Срна, капитани дастаи мунтахаби Хорватия ҳангоми бозии дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Туркия
Душанбе, 13.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хабаргузории Goal.com иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми бозии байни дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Туркия падари капитани хорватҳо ва дастаи «Шахтёр»-и Донетск Дарио Срна аз олам даргузаштааст.
Ин хабари нохушро баробари ба анҷом расидани вохӯрӣ ба футболбоз расонидаанд ва ӯ бошгоҳи дастаи мунтахабро тарк карда, ба ватан баргаштааст.
То кунун маълум нест, ки Дарио дар бозии байни дастаҳои Хорватия ва Чехия, ки 17 июн барпо мегардад, иштирок мекунад ва ё не.
Ёдрас мешавем, ки бозии байни дастаҳои Хорватия ва Туркия бо ҳисоби 1:0 бо ғалабаи хорватҳо ба анҷом расида буд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






