Меҳмон бо худ баракат ва сулҳу сафо меорад

Июнь 3, 2016 13:13

Хоруғ, 03.06.2016  /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳеҷ давру замон Бадахшон ин гуна пур аз меҳмон, пур аз лутфи ошкору ниҳон, пур аз дидори деринаи дӯстон аз Суғду  Хатлон, Душанбеву Раштон набуд. Дар миёашон нафаронеро дучор омадам, ки ба қавлаи худашон гирди дунёро чанд бор  чарх задаанду аммо бори аввал ба  ин гӯшаи зебои ватанашон сафар намудаанд. Ва ин ҳам аз шарофати ҷашни пурсафои Вахдати миллист, ки дарвозаҳои Бадахшонро ба рӯи дӯстони ватанию хориҷӣ боз намуд. Ин дар ҳолест, ки дар даврони шӯравӣ бо баҳонаи эълони минтақаи марзӣ ҳатто зодагони ин диёр бидуни раводид ҳақ надоштанд ба зодгоҳашон баргарданд, чӣ расад ба сокинони манотиқи дигар. Ҳамин хел як сиёсате буд, ки намегузоштанд бародар ба хонаи бародари дигар бе иҷозати марказ ва ё Маскав  ворид шавад. Дар бораи рушди риштаи сайёҳӣ ҳоҷати гап ҳам набуд. Ин дар ҳолест, ки мардуми кӯҳистон аз қадимулаём на рӯз ва на шаб дари худро маҳкам намекарданд. Дашноми бадтаринашон ин буд, ки «илоҳӣ даратро баста бинам». Аз назди хона агар меҳмон мегузашт, ӯро иҷборан ба хона медароварданд, то даме суҳбат кунанд. Мегӯянд, ки меҳмон атои Худованд аст ва бо худ хушӣ меорад. Инро мо дар чанд ҳафтаи охир бо чашми худ дидему бо дили худ эҳсос намудем. Расидани қадами бародарону хоҳарони суғдӣ чӣ қадар шодию нишот ба хурду калони мардуми Бадахшон овард. Як ҳафтаи пур аз шеъру тарона, суҳбатҳои ошиқонаву орифона, танзу шӯхию лутф буд. Рӯзҳои вилояти Хатлон дар Бадахшон низ хеле гуворо, самимӣ ва меҳромез буданд. Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ хурду калон Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоевро ҳалқапеч карда, суолборон менамуданд. Раҳгузарон пеши роҳашро гирифта, хоҳиш мекарданд ҳамроҳ бо ӯ акс бигиранд. Ин ҳама  лаҳзаҳои нотакрор ва пурсурурро дида, гузаштаи на чандон дурро ба хотир меорам. Солҳои навадум. Кӯчаҳои торику пур аз гурезаву овора, хонаҳои сарду торик, чеҳраҳои шуфтаву ғамгин. Одамон дар ҳавои сарди фасли сармо соатҳо дар интизори барқ нишаста, ноилоҷ либоси гармро ба бар карда, даруни бистар медаромаданд.  Аммо афсӯс, ки иддае аз  инсонҳо хотираи кӯтоҳ доранд ва зуд ин лаҳзаҳоро фаромӯш мекунанд. Фикр мекунам, ин кори хуб нест.
Худо  хотираро  ба инсонҳо барои он дода, ки онҳо гузаштаро ҳифз кунанд, дӯстро аз душман фарқ намоянд,аз ғаразҳои нопок дурӣ ҷӯянд, иштибоҳро такрор накунанд ва ба насли имрӯзу фардо аз он ҳикоят кунанд. Пешвои миллат аз мо, калонсолон ҳаминро тақозо дорад, ки он чиро дар солҳои қаҳтию гуруснагӣ ва айёми пур аз ошӯбу мағал дидем, ба насли наврас қисса намоем, то ин фоҷиаи дар асри бист бар сари миллат омада дигар такрор наёбад. То насли наврас имконияти муқоисаи ин ду давраро дошта бошад. Ва аз ҳама муҳим, дар канори ҳам омадану дасти оштию дӯстӣ дароз кардани ду ҷониби даргир ба сӯи ҳам таҷрибаи нодир аст дар таърихи низоъҳои дохилӣ. Дур намеравему давлати девор дар миён- кишвари Афғонистонро мисол меорем. Наздики 40 сол аст, ки бо ҳам набард доранд, нафаре ки  40- сола шуд, умраш бо садои тиру туфанг, нолаи наздикону рафиқон гузашт.
Оё инро зиндагӣ номидан мумкин аст? Садҳо афғон бо умеди зиндагии орому осуда ҳамроҳ бо фарзандон ба сӯи  Аврупо фирор карданд, аммо дар баҳру дарёҳо ғарқ шуданд. Ҳатто ҷасадашон пайдо нашуд. Ин аст оқибати нифоқу низоъ.
Ин сатрҳоро менавиштаму садои занги телефон  баланд шуд. Аз  гӯшаки дигари телефон хабар доданд, ки гурӯҳе аз кӯдакон бо теъдоди 100 нафар бо мақсади дидору гуфтугӯ бо ҳамсолони худ  озими Бадахшон мешаванд ва онҳоро истиқбол гиред.
Худоё, орзу мекунам, ки ба гӯши миллати ман чӣ аз дуру чӣ аз наздик ҳамеша хабари хуш расад.
Фарорасии ҷашни Ваҳдати миллиро барои ҳамаи ҳамватанон табрик мегӯям.

Нилуфар Асламшоева
мудири шуъбаи иҷтимоӣ-иттилоотии
ММҲД ВМКБ

Июнь 3, 2016 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд