Муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» Бозиҳои ниҳоии Чемпионати «Аврупо-2016»-ро мустақиман пахш мекунад
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини аввали директори муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш» Парвиз Норов дар робита ба оғози бозиҳои ниҳоии Чемпионати 15-уми Аврупо оид ба футбол дар Фаронса ба хабарнигори «Ховар» иттилоъ дод, ки шабакаи «ТВ-Варзиш» омода аст ҳамаи бозиҳои ЕВРО -2016 ро мустақиман пахш карда, пешкаши мухлисони футболи Тоҷикистон гардонад. Дар ин маврид шартномаҳо бо расонаҳои ҷаҳонӣ ба имзо расидаанд ва кулли шореҳони футболи мамлакат низ барои шарҳ додани бозиҳо ҷалб гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки шабакаи «ТВ-Варзиш» имрӯзҳо пахши мусобиқоти Ҷоми Амрикоро низ мустақиман барои дӯстдорони футбол пешкаш мекунад ва дар баробари ин гузоришҳои мустақиму сабтро аз Чемпионати мамлакат оид ба футбол низ ба роҳ мондааст. Дар давраи бозиҳои ниҳоии «Ҷоми Аврупо-2016» пахши мустақими дигар чорабиниҳои варзишӣ низ аз назари дастандаркорони «ТВ-Варзиш» дур нахоҳанд монд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






