Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар ноҳияи Сангвор ҷойи аввалро гирифт
Cангвор, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор ҷамоати деҳоти Тавилдара дар марҳилаи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҷамоати деҳоти Тавилдара 25 фоизи масоҳати ноҳияро ташкил медиҳад, ки он ба 564 километри мураббаъ баробар аст. Аҳолиаш 6113 нафар, ки аз ин шумора 2983 нафар зан ва 3130 нафар мард аст. Аз шумораи умумии аҳолӣ 1304 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар қисмати ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар водии рӯди Хингоб ҷойгир шуда, онро дар ҷануб ағбаҳои Полезаку Харсанг аз Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг ҷудо менамоянд.Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар ғарб бо сарҳади Ҷамоати деҳоти Чилдара ва дар шарқ бо Ҷамоати деҳоти Сайёд ҳамҳудуд аст. Ҷамоати деҳоти Тавилдараро дар қисмати шимол силсилаи қаторкӯҳҳо аз ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷудо менамоянд. Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар маркази ноҳия воқеъ гардида, дар он 1 филиали КВД-и Маркази касбомӯзию соҳибкорӣ, 1 масҷиди ҷомеъ, 8 масҷиди панҷвақта, 10 ҷойи ҷамъиятӣ ва 56 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд.
Аҳолии ҷамоати деҳоти мазкур ба чорводорӣ, картошкапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ ва боғпарварӣ машғул мебошанд.
Ҷамоати деҳоти мазкур дорои 1 беморхона, 1 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 3 китобхона, 1 қасри фарҳанг, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи умумии асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим, 1 литсейи касбӣ-техникӣ, 10 майдончаи варзишӣ ва 1 варзишгоҳи дорои зиёда аз 4000 ҷои нишаст мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






