Мусобиқоти волейболу теннис бахшида ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар Душанбе

Июнь 24, 2016 11:14

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз  дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи олимпӣ мусобиқот оид ба волейбол ва теннис баргузор шуданд. Мусобиқаи волейбол байни мардон дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов барпо гардид. Теннисбозони наврас дар майдони Ширкати «Тоҷварз» рақобат карданд.
Ба ғолибон ва ширкаткунандагони мусобиқот сертификатҳои Рӯзи олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва туҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим гардиданд.
Ширкаткунандагони мусобиқотро котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон профессор Шодӣ Сафаров бо Рӯзи олимпӣ табрик намуданд.

Июнь 24, 2016 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд