Мусодираи 22 кг маводи мухаддири навъи чарс дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Июнь 14, 2016 11:45

Душанбе, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Сарҳадбонони тоҷик дар вилояти Хатлон дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», дар қитъаи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон зиёда аз 22 кг маводи мухаддири навъи чарс дарёфт ва мусодира намуданд.
Тавре ки сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, 13 июни соли равон тахминан соати 01:00-и шаб гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни шахсияташон номаълуми афғон иборат аз 4 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд.
Дар натиҷаи итоат накардани қочоқчиён байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрд ба вуқӯъ меояд. Баъди фирори қочоқчиёни афғон сарҳадбонони тоҷик ҷои ҳодисаро   аз назар гузаронда, ин маводи мухаддирро дарёфт менамоянд.

Июнь 14, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд