Мутахассисони водии Рашт аз ҳамкасбони конибодомӣ таҷриба меомӯзанд

Июнь 16, 2016 10:01

Конибодом, 16.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Барои омӯзиши фаъолияти муассисаҳои «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва соҳаи зиддисилӣ» як гурӯҳи мутахассисони водии  Рашт ба шаҳри Конибодом рафтанд. Дар маҷлисгоҳи беморхонаи марказии шаҳр бо иштироки меҳмонон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи ташкили ҳамкорӣ байни муассисаҳои КАТС ва соҳаи зиддисилии шаҳри Конибодом» баргузор гардид. Иштирокдорони семинар аз ҳолати утоқҳои кории КАТС,  марказҳои зиддисилӣ, утоқҳои лабораторӣ ва ҳамчунин  аз маркази зиддисилии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ боздид ба амал оварда, бо шароити фаъолияти гурӯҳҳои дастгирии бемории сил шиносоӣ пайдо карданд.
Тавре ки ба  АМИТ «Ховар» муовини раиси ноҳияи Лахш Баргигул Аббосова, иштирокчии семинар доир ба пешгирӣ ва табобати бефосилаи бемории сил ва пурзӯр намудани муассисаҳои КАТС гуфт, семинари мазкур дар сатҳи хуб ҷараён гирифта, иштирокдорону меҳмони он бисёр таассуроти нек бардоштанд. Баргузории ин гуна семинарҳо барои дарёфти саривақтии беморони сил, пешгирӣ ва табобати беморӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами муассисаҳои тандурустӣ барои кормандони ин соҳа бисёр муфид аст.

Июнь 16, 2016 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст