Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ дар вилояти Свердловски ФР гузориш дод
Душанбе, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати «мизи мудаввар» оид ба натиҷагирии фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор гардид.
Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ дар вилояти Свердловски Федератсияи Русия Иқбол Шаҳбозов дар ҳисоботи худ иттилоъ дод, ки дар давраи фаъолияташ намояндагӣ ба 3511 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ёрии ҳуқуқии ройгон расонидааст, ки аз ин шумора 835 ё 28,5%-ро занон ташкил медиҳад.
Ба иттилои Иқбол Шаҳбозов, мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатӣ-ин пардохт нагардидани музди меҳнат, надонистани забон ва қонунгузории Федератсияи Русия, истифода бурдан аз хизматрасонии шахсони сеюм ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо, ки маъмулан қалбакӣ тайёр карда мешаванд, мебошад.
Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки дар тӯли фаъолияти яксолааш 78 нафар барои гирифтани иҷозат барои зисти мувақатӣ, 69 нафар барои тасдиқ намудани шаҳрвандии ҶТ ва 47 нафар барои баромадан аз шаҳрвандии ҶТ муроҷиат кардаанд. Яке аз сабабҳои баромадан аз шаҳрвандиро Иқбол Шаҳбозов фаъолият намудан дар мақомоти давлатии Федератсияи Русия арзёбӣ намуд.
Тавре ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода зимни оғози суҳбат иброз намуд, соли 2015 бо мақсади ҳимояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдор бо Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва инчунин дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ бо Ваколатдори вилояти Свердловски ФР дар консулгарии ин вилоят намояндагии ин мақомот ба тариқи озмоиш, яъне пилотӣ ташкил карда шуд.
Ин иқдом дар доираи амалисозии Лоиҳаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия тавассути Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ» аз моҳи сентябри соли 2015 то моҳи майи соли 2016, ки аз тарафи Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ маблағгузорӣ ва аз ҷониби ТҶ «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон» амалӣ карда шуд, татбиқ гардид.
Намояндагии ВҲИ ҶТ дар назди Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбург фаъолият карда, моҳи майи соли равон фаъолияти он ба итмом расид. Ин тартиб ба ВҲИ ҶТ имкон дод, ки мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатии ин минтақаи ФР-ро омӯзад ва барои бартараф намудани он ба мақомоти дахлдор тавсияҳо пешниҳод намояд, инчунин муҳим ва муфид будани ин тартибро баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо собит кард.












Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид






